MENU

Fun & Interesting

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд

Video Not Working? Fix It Now

12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Бишкек ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олимақом - Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони ду давлат ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду ҳамсоякишвар идона оро ёфта буд. Ба нишони эҳтирому самимияти хос ба Сарвари давлати мо дар саҳни фурудгоҳ, ҳамчунин, баъзе саҳнаҳои фарҳанги миллии қирғизӣ бо хаймаҳо, аспҳо, уқобҳои шикорӣ ва рақсу сурудҳои мардумӣ намоиш дода шуд. 12 марта Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон с государственным визитом прибыл в город Бишкек Кыргызской Республики. В Международном аэропорту Бишкека высокопоставленного гостя - Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона с особым уважением и теплотой встретил Глава принимающей страны – Президент Кыргызской Республики уважаемый Садыр Жапаров. В целях приёма высокопоставленного гостя – Президента Республики Таджикистан площадь аэропорта Бишкека была празднично украшена государственными флагами обоих государств, фотографиями президентов Таджикистана и Кыргызстана, лозунгами, воспевающими дружбу народов двух соседних стран.В знак особого внимания и почести в адрес Главы нашего государства на площади аэропорта также были продемонстированы отдельные элементы кыргызской культуры, такие как юрты, кони, охотничьи беркуты и народные музыка и танцы. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қирғизистон #Кыргызстан #Kyrgyzstan #СафариДавлатӣ #ГосударственыйВизит #StateVisit President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Comment