8 сентябр овозхони маҳбубу маъруфи тоҷик Далер Назаров 65-сола мешавад. Номи ин ҳунарманд берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам хеле машҳур аст.Ҳар як эҷодиёти Далер Назаровро мусиқишиносон арҷгузорӣ ба ниёгон мегӯянд. Ҳамкорамон Амир Исоев вобаста ба зодрӯзи овозхон аз сокинон пурсид, ки оё Далер Назаровро мешиносед? Кадом сурудаш писанди шумо ҳаст?