Нилуфари Сарбоз-журналист ва ровии шинохта дар меҳмонии шоу-барномаи Парвоз107 буд.
Нулуфарро мухлисонаш бо садои ҷаззобу имиҷи хосаш мешиносанд.
Ӯ дар оилаи тоҷир ба камол расид, факултети филологияи тоҷикро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм намуда, корро аз телевизион оғоз намудааст ва имрӯз яке аз чеҳраҳои ошност.
Ӯ чанд муддат дар яке аз академияҳои Хитой низ дар самти ҳифзи ҳуқуқ таҳсил намуда, дар Вазорати корҳои дохилӣ низ ифои вазифа намудааст.
Ӯ ҷаҳонгардиро дӯст медорад ва дониши қавию ҷаҳонбинии васеъ ӯро дар ҳар ҷодаи интихобнамудааш муваффақ гардонидааст. Нилуфар имрӯз блоги худро дар инстаграм пеш мебарад ва таронаҳои ӯ дили миллионҳоро тасхир намудааст. Ҳоло оиладор нест ва мехоҳад бо ҷавони ҳамфикру ҳамдили худ дар оянда оиладор шавад.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook: https://facebook.com/asiaplustj
Instagram: https://instagram.com/asiaplustj
#таджикистан #asiaplus