MENU

Fun & Interesting

Кӣ бояд хароҷоти оиларо танзим кунад? Маслиҳатҳои Саидмурод Давлатов

Oila TJ 186,106 1 year ago
Video Not Working? Fix It Now

Баъд аз оне, ки ба буҷҷаи оила маблағ ворид мешавад (моҳона) қисми муайянашро пасандоз бояд кард. Пасандози ҳармоҳа набояд аз 10%-и даромад камтар бошад. Одатан одамон фикр мекунанд, ки агар дар охири моҳ аз маош ягон сомон боқӣ монад, баъд пасандоз хоҳад кард, вале чун ҳарвақта дар охири моҳ чизе боқӣ намемонад ва ҳатто баъзан қарздор ҳам мешавед. Барои ба чунин ҳолат рӯбарӯ нашудан чӣ кор бояд кард? Аз маоши моҳона рӯйхати тамоми хароҷотҳои моҳи ояндаро ҷудо кардеду дилатон пур аст, ки ин моҳ бо ҳузур зиндагӣ мекунед. Вале дар миёни моҳ яке аз наздиконатон шуморо ба тӯй хабар кард, ки ин дар нақшаи буҷҷа набуд. Дар чунин ҳолат чӣ бояд кард? Шояд меандешед, ки аз ҳамсоя қарз мегиреду моҳи оянда бармегардонед. Ин варианти дуруст нест. Пас, чӣ бояд кард? Ба ин саволҳое, ки ҳамарӯза сари шуморо ба дард меоранд, мураббии тиҷорат, соҳибкор, доктори илмҳои равоншиносӣ ва иқтисодшинос Саидмурод Давлатов дар нашри навбатии подкаст-барномаи “Маърифати молиявӣ” посух мегӯяд.

Comment