MENU

Fun & Interesting

Даҳ сол ба Далери Имомалӣ. Чаро?

Ozodivideo 60,670 2 years ago
Video Not Working? Fix It Now

Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот хост, мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигору блогери шинохта Далери Имомалиро фавран озод кунанд. Додгоҳ рӯзи 17-уми октябр ӯро ба даҳ сол зиндон маҳкум кард. Тереза Рибейро рӯзи 18-уми октябр дар баёнияе дар Телеграм гуфт, аз ин ҳукм ваҳшатзада шуд ва онро "зарбаи дигар ба озодии матбуот дар Тоҷикистон" номид. "Рӯзноманигорӣ ҷиноят нест," -- навишт ӯ. Далери Имомалии 34-сола, ки бештар аз мушкили мардум ва аз камбуди мансабдорон мегуфт, моҳи июни имсол дастгир шуд. Ҳамкорам Тоҳири Сафар нигоҳе андохтааст, ба кори ин хабарнигору назарҳо дар бораи шахсияту хислати ӯ.

Comment