Гулрухсор (тахаллус; насаб ва номи аслиаш Гулрухсор Сафиева; 17 декабри 1947, деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод, ҶШС Тоҷикистон) — шоир, нависанда, рӯзноманигор, дромнавис, тарҷумон, Шоири халқии Тоҷикистон (1999). Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2003). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1971).
Гулрухсор Сафиева дар деҳаи Яхчи водии Рашт ба дунё омадааст. Соли 1968 факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро ба ҳайси мудири шуъбаи адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз намуда, баъдан мудири бахши матбуоти КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1968-69), муҳаррири маҷаллаи «Машъал» (1970-72), муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (1972-81), солҳои 1981 −86 котиби Садорати ИН Тоҷикистон ва солҳои 1987-92 раиси Хазинаи маданияти Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи «Фарҳанг» буд.
Аз соли 1992 ба кори эҷодӣ машғул аст ва раисии созмони ҷамъиятии Фарҳангистони шеъри ҷаҳонро ба уҳда дорад. Аввалин шеърҳояш дар рӯзномаи «Қаротегини советӣ» нашр шудаанд (1962). Маҷмӯаҳои ашъораш «Бунафша» (1970), «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1980), «Оташи Суғд» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984, бо хатти форсӣ), «Оинаи рӯз» (1984), «Зодрӯзи дард» (1985), «Рӯҳи Бохтар» (1987), «Қасидаи кӯҳистон» (1988), «Тахти сангин» (1992), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Девон» (2004), «Биҳишти хобҳо» (2004), «Сад барги ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009), «Сад оҳи як нафас» (2011), «Дигар ишқ» (2014) ба табъ расидаанд.