MENU

Fun & Interesting

29-соли ҳаёти пурдард ва дарбадарии очаи бе бача

Oila TJ 58,795 lượt xem 2 months ago
Video Not Working? Fix It Now

29-соли ҳаёти пурдард ва
дарбадарии очаи бе бача
Сафармоҳ Қурбоноваи 65-сола зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон буда, ҳаёти пур аз дарду ранҷеро ба сар мебарад. Ин зани солхӯрда муддати 29-сол боз овораю сарсон аст.
Тавре ки худи холаи Сафармоҳ мегӯяд, аз рӯзе, ки ба дунё омадааст, ягон рӯзи хушро надида, дар ба дар меградад. Бо сабаби дар хонаҳои бе дару бе тиреза зиндагӣ кардан 4 писар ва 1 духтараш бемор шуда аз олам гузаштаанд. Шавҳараш дар садамаи нақлиётӣ вафот намудааст. Дар бисоташ 4 духтар дорад, вале ҳамаи духтаронаш низ мисли модар бехонаанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, духтараш Фаридаро шавҳараш барои тифли бемор таваллуд кардан талоқ додааст. Имрӯз ин оилаи камбағал дар шароити хеле душвор зиндагӣ мекунанд.
Биёед дарди дили ин очаи бе бачаро аз забони худаш мешунавам. Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин оилаи ниёзманд кӯмак расонанд, метавонанд хайрияи худро ба корти бонкии Душанбе-Сити бо рақами 9762 0001 5199 1352 гузаронанд. Корт бо рақами телефони 98- 881-44-39 пайванд аст.

Comment