Академик Раҳим Масов агар зинда мебуд, 16-уми ноябр 85-сола мешуд. Ин муаррихе, ки осор ва кору пайкораш замоне баҳсҳои доғро дар маҳфилҳои илмӣ ба бор оварда буд, соли 2018 даргузашт. Аммо пеш аз он, соли 2016, эълон карда буд, ки ним миллион сомонӣ пули ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод”-ро барои бунёди мактаб мебахшад. Ин пул куҷо шуд?